![]() |
||||||||||||
|
||||||||||||
![]() ![]() ![]() ![]() |
Иди атлас Он рӯз назди Кохи фарҳанги фароғатии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ намуди идона дошт. Занҳои атлас бабар ва духтарони товусхиром, ки бо пероҳани атлас ба ҳусни ин макон ҳусн зам мекарданд, ба озмуни "Иди алтас" омада буданд. Мардум бо як қаноатмандӣ ба маҷмаа ворид мегаштанд. Пеш аз оғози озмуни "Иди атлас" барномаи телевизионии журналист Лола Раҷабова таҳти унвони "Рангинкамони атлас" оид ба таърихи атласи тоҷик, роҳ ва усулҳои атласбофӣ, имрӯзу фардои он манзури ҳозирин гардид. Озмуни "Атласи тоҷик-2011" оғоз гардид. Бояд зикр кард, ки он аз рӯи се шарт гузаронида шуд: либоси кӯдакон ва наврасон, либоси рӯзмарра, либоси идона. Дар толори духтарону кӯдакони атлас бабар як файзу фазилати гуворое дошт. Гӯё он лаҳза табиат ба ҳар яки онҳо нури илоҳӣ эҳдо менамуд. Зеро, яке аз дигаре зебо ба назарҳо ҷилвагар мешуданд. Дар озмун рангорангии атласи тоҷик бо рангорангии тахайюлоти офарандагони ҳунару зебоӣ омезиш ёфта, як манзараи ҷолибро ба вуҷуд овард, ки тамошобинро ба сайри олами афсонавӣ ҳидоят мекард. Бале, манзараи ҷолиб ва дилрабое буд. Духтарони товусхиром кӯшиш мекарданд, ки бо ҷилваашон қалби мухлисонро тасхир созанд. Раиси ҳайати доварон Муҳаббат Мирсаидова баргузории "Иди атлас"-ро беҳтарин дастовардҳои истиқлолият арзёбӣ намуда, изҳор кард, ин амалҳои шоиста моро водор месозанд, ки анъанаҳои беҳтарини ниёгонамонро эҳё созем. Аз рӯи хулосаҳои ҳайати доварон ҷои сеюм насиби иштирокчиён таҳти рақамҳои 34, 15, 94 дониста шуданд. Диплом, тӯҳфаҳои хотиравии чинивории шарқиро ба ғолибон рассоми коргоҳи "Хуҷандатлас" Раҳматҷон Эргашев, устоди варзиш Зебунисо Рустамова ва Шоираи халқии Тоҷикистон Фарзона тақдим намуданд. Ба ғолибони ҷои дуввум иштирокчиён таҳти рақамҳои №27, 4 диплом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ- маркази мусиқиро муовини директори Агентии назорати маводи нашъавори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷкикистон Бунафша Одинаева ва муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилафрӯз Амирқулова тақдим карданд. Ҷои аввалро иштирокчӣ таҳти рақами 88 соҳиб шуд ва дипломи ғолибият ва тӯҳфаи хотиравӣ - мошинаи дарздӯзиро Раиси кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сумангул Тағоева супурд. Аз рӯи баҳогузории аҳли толор ғолиби таваҷҷӯҳи тамошобин таҳти рақами 44 дониста шуда, диплом ва тафдони барқиро ба ғолиб Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд, собиқадори меҳнат Биҳоҷал Раҳимова тақдим кард. Муовини сарвазири мамлакат Руқия Қурбонова ба ҳукми анъана даромадани рӯзи атласи тоҷикро дар қаламрави вилояти Суғд нек арзёбӣ намуд ва ба ҳамаи ташаббускорон ва дастандаркорони ин чорабинӣ изҳори миннатдорӣ намуд. Ва арз кард, ки бонувони зебоипарасту зебоиофари суғдӣ мисли солҳои қаблӣ дар чорабиниҳои фарҳангии ҷумҳурӣ фаъолона ширкат варзида, истеъдоду маҳорати баланди худро нишон хоҳанд дод. Сазовори Шоҳҷоизаи озмуни "Атлас-2011" иштирокчӣ таҳти рақами 92 дониста шуд. Ба ғолиби озмун муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Руқия Қурбонова ва Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода диплом ва тӯҳфаи хотиравӣ - телевизори плазмавӣ тақдим намуданд. Қоҳир Расулзода изҳор намуд, ки чорабинии мазкур дар радифи он чорабиниҳое мансуб меёбад, ки ба 20 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Мақсад аз баргузории чорабинии мазкур эҳё намудани анъанаҳои миллӣ, баланд бардоштани ҳисси ватанпарварии мардум ва сайқал додани маҳорати ҳунарофарӣ ва тарғиби истеҳсоли матои атлас аст. Ҳамзамон бояд зикр кард, ки ҳамаи иштирокчиёни озмун бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд. Бо тараккиёти илму техника ва пешрафти фархангу тамаддун дар чомеаи мо падидахои нав ба майдон меоянд, ки бархе аз онхо бо арзи вучудашон, дар баробари манфиатхои маънави, инчунин роххои ифроту тафритро тай менамоянд. Масъалаи либоси занон, ки чузъе аз фарханги миллати точикро дар бар мегирад, солхои охир ба зухуроти нав ру ба ру шудааст. Дар воситахои ахбори омма имрузхо анвои гуногуни либоси милли бо тобиши аврупои – доману блузхои чакан, киманохои атласи, беостинхои адрасу чакан ва гайрахо симои духтарони точикро оро медиханд, ки диккати мехмонони хоричиро ба худ чалб месозанд. Албатта, навоварихои мазкур барои истифодаи умумии чомеа имконнопазир аст, зеро дар онхо нишонахои милли бештар дар шакли аврупои инъикос ёфтааст. Чун бо молхои атика сару кор дорам, зуд-зуд шохиди он мегардам, ки сайёхону мехмонони чумхури бештар аз чуробхои бадахшони, чихозхои гулбофти ин минтака, мухракорихои онхо, заргарихои ромити, чаканхои кулоби ва атласи накшин хушашон меояд. Хатто чандин чихозхои миллиро бо нархи гаронтарин харидори менамоянд. Бештари онхо аз ман суол мекунанд, ки оё занони сар то по сиёхпуше, ки имруз дар хама чои кишвар ба назар мерасанд, хоричи хастанд ё точик? Баъди чунин суолхо ман низ сари масъала андешидам. Дар хакикат, шумораи хохарони “сиёхпуши” мо руз ба руз ру ба афзоиш ниходаанд. Шояд кисми зиёди аз онхо баъди тахсил дар мадрасахои исломии кишвархои Арабу Эрон имиджи худро тагйир додаанд. Дар баробари онхо теъдоди точикдухтарони хичобпуше, ки низ дар шакли тангу кутох ва то андозае шик либоси ачнабиёнро ба бар кардаанд, нихоят зиёд шуда истодааст. Агар гуем, ки ин хохарон рохи исломро пеш гирифтаанд, пас чаро махз либоси сиёхи мотамиро мисли зогони сиёх интихоб намудаанд? Ё ин ки он хичобпушони мудпараст, ки бо зебу зиннат додани чашму абру ва лабу гунахояшон театрхои чопониро ба ёд меоранд, магар аз он бехабаранд, ки ислом ороиш карданро барои гайр манъ намудааст? Агар хам кунанд, танхо барои шавхархояшон хак доранд. Либосе, ки дар он андоми зан намоён аст, комилан мамнуъ мебошад. Тибки конунхои ислом, хангоми аз хона берун шудан, зан, бояд либосеро ба бар намояд, ки бинанда ачуз ё чавон будани уро фарк накунад. Мутаассифона, либоспушии хохарони исломии мо танхо зохирпарастист. Аз либоси онхо андозаи миён ва хатто ронхои онхоро муайян намудан мумкин аст. Азбаски каме хам бошад, аз улуми исломи бохабарам ва то чое, ки тавонистаам либоси милли ва руймоли калонамро аз сар нагирифтаам, ба таргибгарони ин навъи либоспуши гуфтаниам, ки барои дар рохи хак будан, аввал калбхоро бояд пок карду пок нигах дошт. Нозукихову мукаддасотро бояд омухт, на ин ки хичобро реклама карда, шаъни хохарони хакикии исломро ба замин зад. Худ шохиди он гаштаам, ки падару модарон ба хотири сатрпушии духтаронашон шуда, хама хохишхои онхоро ба чо меоранд. Ба кариби яке аз духтарони хамсояамон, ки ба дузандаги машгул аст, аз падараш шикоят кард, ки у Азиза ном хамсояи дигарашонро таъриф карда, духтари худро маломат кардааст. Азиза, ки хар бегох бо мошинхои гуногуни хоричи ба “сайр” баромада, дискоклубхои шахрро оро медодааст, ба хотири руйпуш намудани гардишхояш ба кариби сатрпуш шудааст. Падари хамсояамон бошад, духтарашро таъкид намудааст, ки аз Азиза ибрат гирад. Чун духтар ба падар аъмоли Азизаро шарх додааст, падар бовар накарда, дар чавоб гуфтааст: “Зато сатр дорад!”. Духтараки дузанда худаш барояш сару либоси милли медузаду аз хамон матоъ руймол низ тахия мекунад, вале ин, ба акидаи падар – чои сатрро намегирифтааст. Мехостам аз хамватанонам як суол кунам: Либоси миллии имрузаи мо чи бади дорад, ки шумо хама якбора хаводори либосхои Жади шудаед? Пас, модарону бибихоямон либоси нодуруст пушида, тоату ибодаташон низ сахех набудааст? Шумо бо инкор намудани либоси бибихоямон фикр намекунед, ки арвохи гузаштагонро ранчу озор хохед дод? Тарзи пушидани либоси бегонагонро ба духтарони мо талкин мекунед? Албатта, дар ин чо манфиати бозор низ ба назар гирифта шудааст. Даххо дукони бозорхои ватани ба фурухтани чунин либосхо машгул буда, сохиби даромад мегарданд. Фурушандахои чунин дуконхо либосхои бегонагонро ба бар намуда, ба зохир китобхои исломиро дар назди худ барои кироат гузошта, худро аз хохарони солехаи ислом шуморида, дар асл махорати баланди ба сари харидорон “кулох гузоштан”-ро ичро менамоянд. |
Навигари Нилуфари Амиралӣ ![]() Ҷойи аввал ва шоҳҷоиза, тоҷе тиллоиро Нилуфари Амиралӣ, донишҷӯе аз Донишгоҳи шаҳри Қурғонтеппа соҳиб шуд ва унвони "Зебосанами Тоҷикистон"-ро ба даст овард.
Маҳина Убайдуллоева довталабе буд, ки дар рафти озмун паёмакҳои телефунии бештарин шумори ҳаводоронро дарёфт кард. “Аспендос турз”, сарпарасти барнома роҳхат ба шаҳри Порисро ба Маҳина супурд Дилафрӯз, муҷрии барномаи “Зебосанам”, мегӯяд, ки дар оғози барнома беш аз 300 нафар аз ҷавондухтарон номнавис шуда буданд ва баъди санҷиш танҳо 60 нафар муваффақ шуданд, ки даври интихобиро пуштисар кунанд. Дар даври дувум 32 нафар аз духтарон ҳаққи идомаи ширкат дар барномаро ба даст оварданд. |
||||||||||