![]() |
||||||||||||
|
||||||||||||
![]() ![]() ![]() ![]() |
Иди чакан Дар воситаҳои ахбори омма имрӯзҳо анвои гуногуни либоси миллӣ бо тобиши аврупоӣ – доману блузҳои чакан, киманоҳои атласӣ, беостинҳои адрасу чакан ва ғайраҳо симои духтарони тоҷикро оро медиҳанд, ки диққати меҳмонони хориҷиро ба худ ҷалб месозанд. Албатта, навовариҳои мазкур барои истифодаи умумии ҷомеа имконнопазир аст, зеро дар онҳо нишонаҳои миллӣ бештар дар шакли аврупоӣ инъикос ёфтааст. Чун бо молҳои атиқа сару кор дорам, зуд-зуд шоҳиди он мегардам, ки сайёҳону меҳмонони ҷумҳурӣ бештар аз ҷӯробҳои бадахшонӣ, ҷиҳозҳои гулбофти ин минтақа, мӯҳракориҳои онҳо, заргариҳои ромитӣ, чаканҳои кӯлобӣ ва атласи нақшин хушашон меояд. Ҳатто чандин ҷиҳозҳои миллиро бо нархи гаронтарин харидорӣ менамоянд. Бештари онҳо аз ман суол мекунанд, ки оё занони сар то по сиёҳпӯше, ки имрӯз дар ҳама ҷои кишвар ба назар мерасанд, хориҷӣ ҳастанд ё тоҷик? Баъди чунин суолҳо ман низ сари масъала андешидам. Дар ҳақиқат, шумораи хоҳарони «сиёҳпӯши» мо рӯз ба рӯз рӯ ба афзоиш ниҳодаанд. Шояд қисми зиёди аз онҳо баъди таҳсил дар мадрасаҳои исломии кишварҳои Арабу Эрон имиджи худро тағйир додаанд. Дар баробари онҳо теъдоди тоҷикдухтарони ҳиҷобпӯше, ки низ дар шакли тангу кӯтоҳ ва то андозае шик либоси аҷнабиёнро ба бар кардаанд, ниҳоят зиёд шуда истодааст. Агар гӯем, ки ин хоҳарон роҳи исломро пеш гирифтаанд, пас чаро маҳз либоси сиёҳи мотамиро мисли зоғони сиёҳ интихоб намудаанд? Ё ин ки он ҳиҷобпӯшони мӯдпараст, ки бо зебу зиннат додани чашму абрӯ ва лабу гунаҳояшон театрҳои ҷопониро ба ёд меоранд, магар аз он бехабаранд, ки ислом ороиш карданро барои ғайр манъ намудааст? Агар ҳам кунанд, танҳо барои шавҳарҳояшон ҳақ доранд. Либосе, ки дар он андоми зан намоён аст, комилан мамнӯъ мебошад. Тибқи қонунҳои ислом, ҳангоми аз хона берун шудан, зан, бояд либосеро ба бар намояд, ки бинанда аҷуз ё ҷавон будани ӯро фарқ накунад. Мутаассифона, либоспӯшии хоҳарони исломии мо танҳо зоҳирпарастист. Аз либоси онҳо андозаи миён ва ҳатто ронҳои онҳоро муайян намудан мумкин аст. Азбаски каме ҳам бошад, аз улуми исломӣ бохабарам ва то ҷое, ки тавонистаам либоси миллӣ ва рӯймоли калонамро аз сар нагирифтаам, ба тарғибгарони ин навъи либоспӯшӣ гуфтаниам, ки барои дар роҳи ҳақ будан, аввал қалбҳоро бояд пок карду пок нигаҳ дошт. Нозукиҳову муқаддасотро бояд омӯхт, на ин ки ҳиҷобро реклама карда, шаъни хоҳарони ҳақиқии исломро ба замин зад. Худ шоҳиди он гаштаам, ки падару модарон ба хотири сатрпӯшии духтаронашон шуда, ҳама хоҳишҳои онҳоро ба ҷо меоранд. Ба қарибӣ яке аз духтарони ҳамсояамон, ки ба дӯзандагӣ машғул аст, аз падараш шикоят кард, ки ӯ Азиза ном ҳамсояи дигарашонро таъриф карда, духтари худро маломат кардааст. Азиза, ки ҳар бегоҳ бо мошинҳои гуногуни хориҷӣ ба «сайр» баромада, дискоклубҳои шаҳрро оро медодааст, ба хотири рӯйпӯш намудани гардишҳояш ба қарибӣ сатрпӯш шудааст. Падари ҳамсояамон бошад, духтарашро таъкид намудааст, ки аз Азиза ибрат гирад. Чун духтар ба падар аъмоли Азизаро шарҳ додааст, падар бовар накарда, дар ҷавоб гуфтааст: «Зато сатр дорад!». Духтараки дӯзанда худаш барояш сару либоси миллӣ медӯзаду аз ҳамон матоъ рӯймол низ таҳия мекунад, вале ин, ба ақидаи падар – ҷои сатрро намегирифтааст. Мехостам аз ҳамватанонам як суол кунам: Либоси миллии имрӯзаи мо чӣ бадӣ дорад, ки шумо ҳама якбора ҳаводори либосҳои Жади шудаед? Пас, модарону бибиҳоямон либоси нодуруст пӯшида, тоату ибодаташон низ саҳеҳ набудааст? Шумо бо инкор намудани либоси бибиҳоямон фикр намекунед, ки арвоҳи гузаштагонро ранҷу озор хоҳед дод? Тарзи пӯшидани либоси бегонагонро ба духтарони мо талқин мекунед? Албатта, дар ин ҷо манфиати бозор низ ба назар гирифта шудааст. Даҳҳо дӯкони бозорҳои ватанӣ ба фурӯхтани чунин либосҳо машғул буда, соҳиби даромад мегарданд. Фурӯшандаҳои чунин дӯконҳо либосҳои бегонагонро ба бар намуда, ба зоҳир китобҳои исломиро дар назди худ барои қироат гузошта, худро аз хоҳарони солеҳаи ислом шуморида, дар асл маҳорати баланди ба сари харидорон «кулоҳ гузоштан»-ро иҷро менамоянд. Агар суръати паҳншавии сатру ҳиҷоби ба духтарони тоҷик таҳмилшуда ҳамин бошад, бо боварии комил гуфта метавонам, ки баъди 10 сол либоси миллии модару бибиҳоямон барои ояндагонамон мисли либосҳои қадимии этнографӣ дар осорхонаҳо ҷойгир шуда, тавре ки замоне мо ба фаранҷии бибиҳоямон бегонавор менигаристем, ояндагони мо низ ба либоси имрӯзаи мо чунин хоҳанд нигарист. |
Навигари Нилуфари Амиралӣ ![]() Ҷойи аввал ва шоҳҷоиза, тоҷе тиллоиро Нилуфари Амиралӣ, донишҷӯе аз Донишгоҳи шаҳри Қурғонтеппа соҳиб шуд ва унвони "Зебосанами Тоҷикистон"-ро ба даст овард.
Маҳина Убайдуллоева довталабе буд, ки дар рафти озмун паёмакҳои телефунии бештарин шумори ҳаводоронро дарёфт кард. “Аспендос турз”, сарпарасти барнома роҳхат ба шаҳри Порисро ба Маҳина супурд Дилафрӯз, муҷрии барномаи “Зебосанам”, мегӯяд, ки дар оғози барнома беш аз 300 нафар аз ҷавондухтарон номнавис шуда буданд ва баъди санҷиш танҳо 60 нафар муваффақ шуданд, ки даври интихобиро пуштисар кунанд. Дар даври дувум 32 нафар аз духтарон ҳаққи идомаи ширкат дар барномаро ба даст оварданд. |
||||||||||