![]() |
||||||||||||
|
||||||||||||
![]() ![]() ![]() ![]() |
Либоси кадима Либоси атласу адрас хоси чашни Навруз аст, ки одатан барои ин чашн кариб хар як бонуи точик кушиш мекунад аз ин матоъхо куртаи милли омода кунад. Агар каблан дар миёни духтарон танхо куртаи адрасу атлас маъмул буд, имруз онхо аз ин матоъ як сару либоси пурра барои мисол, курта, почома ва токи ба бар мекунанд. Ин аст ки бо фарорасии фасли бахор ва дар рузхои чашни Навруз бозори матоъи кишвар хеле гарм ва дар дуконхо матоъхои атлас, адрас ва помбарххои мухрадор серхаридор буданд. Ба гуфти точирон сифати матоъи адрас нисбат ба атлас ба маротиб бехтар буда аз риштахои пахтагин бо усули кадимаи миллии мардуми Бухорову Самарканд бофта шудааст ва рангашро хам дар офтобу борон хуб нигох медорад. Феълан дар миёни ахоли адрасхои, норинчи, оби, сабз, гулоби ва як намуд зарди ифлос ки матоъфурушон, грязни асфалт мегуянд, муд шудааст. Ба гуфти точирон адрас бозори атласро танг карда бо сабаби афзудани талаботи мардум ба ин намуди махсулот киммати он хам ба маротиб гарон шудааст. Агар 1 мохи кабл як либоси адрас бар ивази то 100 сомони харидори мешуд, имруз бахои он аз 130 то 240 сомони баробар шудааст. Яъне як метри адрас аз 16 то 30 арзиш дорад. Хаётон мегуянд, соли чори харачоти бонувон хангоми харидории адрас афзудааст, зеро бо сабаби хурд гаштани пахнои матоъ сарфи адрас 3 метр афзуда, барои як сару либос на 5 метр балки 8 -10 метр адрас зарур аст. Ба назари коршиносон корхонахои саноатии кишвар тавони истехсоли молхои хушсифати бозоргирро надоранд ва аз ин ру 90 дар сади махсулоти бозорхои Точикистонро молхои хоричи ташкил медихад, ва ин як иллати аслии гаронии нарх дар бозор аст. Дар мачмуъ матоъ ба бозори Точикистон аз кишвархои Эрон, Туркия, Аморати Муттахидаи Араб, Чин Куриё ва Узбакистон ворид мешавад. Аммо новобаста аз киммат ва сифати махсулот бисёре аз бонувон мувофик ба имконот ба хотири оростани худ аз онхо фаровон харидори мекунанд. |
Навигари Нилуфари Амиралӣ ![]() Ҷойи аввал ва шоҳҷоиза, тоҷе тиллоиро Нилуфари Амиралӣ, донишҷӯе аз Донишгоҳи шаҳри Қурғонтеппа соҳиб шуд ва унвони "Зебосанами Тоҷикистон"-ро ба даст овард.
Маҳина Убайдуллоева довталабе буд, ки дар рафти озмун паёмакҳои телефунии бештарин шумори ҳаводоронро дарёфт кард. “Аспендос турз”, сарпарасти барнома роҳхат ба шаҳри Порисро ба Маҳина супурд Дилафрӯз, муҷрии барномаи “Зебосанам”, мегӯяд, ки дар оғози барнома беш аз 300 нафар аз ҷавондухтарон номнавис шуда буданд ва баъди санҷиш танҳо 60 нафар муваффақ шуданд, ки даври интихобиро пуштисар кунанд. Дар даври дувум 32 нафар аз духтарон ҳаққи идомаи ширкат дар барномаро ба даст оварданд. |
||||||||||