Саӽифаи аввал Либосӽои қадима Либосӽои атлас Либосӽои чакан Обратний связ Муаллиф
   

Чакан

   Ширкати «Чакан» – и шаҳри Кӯлоб, ки муддати ду ҳафтаи ахир дар фестивали байналмилалии ҳунарҳои мардумӣ ва гурӯҳҳои этнографӣ дар Ҳинд ҳузур дошт, ба Тоҷикистон баргашт.

   Ба гуфтаи ҷаноби Валиев, маҳсулоти ширкати онҳо, ки аз тоқӣ, рӯмоли миён, куртаҳои кӯдаконаву пиронаҳи занона, кокулчаҳо ва сӯзаниҳои дастӣ иборат будааст, мавриди таваҷҷӯҳи иштирокдорони фестивал гардида ва хуб харидорӣ шудаанд.

   Ин ҳам дар ҳоле, ки ба гуфтаи Зариф Валиев, дар маҷмӯъ 30 килограм аз маҳсулоти дастӣ омодашудаи ширкатро ба ҷашнвораи Ҳинд армуғон бурда буд ва ҳар кадоми он аз 10 то 100 долларӣ фурӯхта шуданд.

   Афзун бар ин раиси ширкати «Чакан» мегӯяд, ширкатҳои ҳиндӣ барои ҳамкорӣ бо ширкати Тоҷикистонӣ дар заминаи таҳияи либосҳои чакан изҳори омодагӣ кардаанд.

   Сафорати Тоҷикистон дар Ҳинд низ ба маcъулони ширкат ваъдаи кӯмаку мусоидат барои густариши ҳамкориҳои ширкати «Чакан» бо дигар аз ширкатҳои ҳиндӣ кардааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар ҷашнвораи ҳунарҳои дастии Ҳинд, беш аз 100 ширкати тавлидотӣ ва гурӯҳҳои ҳунарии этнографӣ ширкат кардаанд ва рӯзона беш ҳудуди 1,5 миллион нафар тамошобини ин фестивал будааст. Зеро бар иловаи намоиш – фурӯши ҳунарҳои дастӣ, гурӯҳҳои ҳунарии мардумӣ низ барои тамошобинон барномаҳои консертӣ нишон медоданд. Ба иттилои Зариф Валиев, Тоҷикистонро дастаи ҳунарии «Ҷаҳоноро» намояндагӣ кардааст. Дар ҳамин ҳол ширкати «Чакан» барои таҷлили иди Наврӯзи байналмилалӣ, ки қарор аст дар шаҳри Душанбе бо ширкати сарони бархе аз кишварҳои минтақа ва ҷаҳон баргузор шавад, омодагӣ дорад. Зеро он гуна, ки Зариф Валиев, раиси ширкати «Чакан» гуфт, Вазорати фарҳанг ва палатаи савдо ва саноат ҷиҳати омода кардани маҳсулоти мухталифи чаканӣ, назири тоқиву рӯймол ва пироҳану сузаниҳо ба ин ширкат супориш додаанд. Зимнан, ширкати «Чакан» танҳо тавлидкунандаи маҳсулоти сӯзандӯзӣ ва анвои мухталифи чакан дар Тоҷикистон аст ва беш аз 50 зани хатлонӣ ин тавлидотро бо дастони худ таҳия мекунанд. Ин ширкат дар соли 2005 ба муносибати 2700 солагии шаҳри бостонии Кӯлоб таъсис шудааст. Ин буд, ки тоқиву пироҳанҳои чакан, ки тавассути занони ҳунарманди ин ширкат дӯхта шуда буданд, рамзи ҷашни 2700 солагии шаҳри Кӯлоб гардид ва тамоми меҳмонони ин иди бошукӯҳ ба истилоҳ «чаканборон» шуд. Муддати чанд соли фаъолият, ширкати «Чакан» тавонист дар чандин ҷашнвораҳои ҳунарҳои мардумӣ дар Эрон, Чин, Русиву Белорус ва дигар кишварҳои минтақа ва ҷаҳон ширкат кунад.

   – Бо маслиҳати Сарвари давлат дар таҷлили ҷашни 2700 - солагии Кӯлобшаҳр наздики 10000 иштирокчӣ бо либоси чакан баромад кард. Воқеан, бисёр зебо буд. Барои омода намудани либос, ба хотири фаъолияти пурсамари минбаъда ва бо ҷои кори доимӣ таъмин намудани сокинони маҳал, ширкатеро бо номи «Чакан» созмон додем. Имрӯз бо ширкати «Чакан» зиёда аз 50 нафар бонуи хонашин дар ҳамкорист. Онҳо куртаҳои пешакӣ аз ҷониби мутахассисон поракардашудаву қаламзанишударо бо риштаҳои лозима дар хонаҳояшон медӯзанд.

   –Тахминан барои дӯхтани як куртаи чакан чӣ қадар вақт сарф мешавад?

   –Ҳар хел. Масалан, бонувоне ҳастанд, ки дар як моҳ ду-се куртаи чакан медӯзанд.

   –Арзиши як куртаи чакан чанд сомонӣ аст?

   –Нархҳо низ дар мағозаи мо гуногунанд. Масалан, як куртаи чакани камгул (камнигора), тахминан 300 сомонӣ арзиш дорад. Агар пургулу сернақш ва дӯхти махсус дошта бошад, 1000 сомонӣ мешавад, чунки заҳмати дӯхтани ин навъ курта хеле зиёд аст.

   –Аз рӯи мушоҳидаҳо сайёҳон ба тоқиҳои чакани мардонаву занона зиёд майл доранд, онҳоро харидорӣ намуда, чун тӯҳфаи зебою арзанда ба диёрашон мебаранд. Нархи онҳо дар фурӯш чанд аст?

   –Дуруст гуфтед. Тоқиҳои чакан имрӯз хеле бозоргиру серхаридоранд. Як тоқии чакан новобаста аз ҳаҷму андоза ва мардонаву занона буданаш 25-30 сомонӣ арзиш дорад.

   –Дар хусуси коргарон гуфтед, ки онҳо асосан дар хонаҳояшон ба дӯхтудӯз машғуланд. Пас ин ҳама ранҷу заҳмат, ки мегӯянд нури чашмро мегирад, чун собиқаи корӣ дар дафтарчаҳои меҳнатӣ сабт мегардад?

   –Аз 50 нафар танҳо 4 кас чун коргари доимӣ дар қайд аст. Боқимондаҳо коргарони мавсимианд. Чунки ширкати мо асосан барои фармоишгарон кор мекунад. Агар фармоише нашавад, коргарон чанд муддат бекор мемонанд. Аммо ҳар кадоме дафтарчаи меҳнатӣ дорад ва коргарони ширкати «Чакан» ба ҳисоб меравад.

   –Дар давоми 5 соли фаъолият шумораи кормандони корхона зиёд нашудааст?

   –Не. Коргарони ширкати мо аз аввали фаъолият то имрӯз 50 нафарро ташкил медиҳанд.Талаботи мардум ба маҳсулоти корхона камтар аст. Бо ҳамин сабаб натавонистем шумораи коргаронро зиёд намоем.

   –Шумо гуфтед, ки талаботи мардум ба маҳсулоти истеҳсолии корхона кам аст. Вазъро чӣ гуна шарҳ медиҳед? Агар ба ин андеша биёем, ки бонувони муосир ба ин навъи либос камтар таваҷҷуҳ доранд… дар иду ҷашнҳо баръакси ҳолро мебинем, охир…

   –Воқеан ин андеша, ки майли бонувон ба ин навъи пероҳан кам шудааст, ғалат аст. Аммо вазъ чунин аст, ки мардум аз куртаҳои чакани омоданамудаи дӯзандагони алоҳида харидорӣ мекунанд, ба маҳсулоти мо бошад, таваҷҷӯҳ камтар аст. Сабаб: ба хотири сифати волову дӯхти аъло маҳсулоти ширкати «Чакан» нисбати кори дӯзандаҳои алоҳида бамаротиб гаронтар аст. Ҳамчунин, агар маҳсулоти истеҳсолиамонро қимат нафурӯшем, фонди нафақаву андози корхонаро пардохт карда наметавонем. Барои мисол, соли 2010 тавонистем 20000 сомонӣ ба буҷети давлат андоз ворид намоем. Вале соли 2011 бошад, ҳамагӣ 10000 сомонӣ андоз супурдему халос. Барои он ки ягон фармоише аз берун надоштем. Маблағҳои ба дастомада низ аз ҳисоби фурӯши маҳсулоти дӯхтаи худи ширкат буд.

   –Мебинем, ки ширкати «Чакан» танҳо як мағозаи фурӯши маҳсулоташро дар шаҳри Кӯлоб дорад, ки фаъолияташ низ маҳдуду камранг ба назар мерасад. Имконияти кушодани мағоза дар шаҳри Душанбе вуҷуд надошт?

   –Замоне дар меҳмонхонаи «Пойтахт»-и Душанбе як мағозаро ба иҷора гирифтем. Ба сабаби зиёд будани иҷорапулӣ (дар як моҳ 3000 сомонӣ) маҷбур шудем мағозаро супорем. Ба ғайр аз ин, аз пойтахт омада, аз мо маҳсулот харида мебаранд. Сарвари давлат супориш дода буд, ки барои ширкати «Чакан» дар шаҳри Душанбе замин, ё биное ҷудо кунанд. Аммо то имрӯз намедонам барои чӣ масъулин хомӯшанд.

   –Маҳсулоти «Чакан»-ро дар кадом давлати дунё муаррифӣ кардаед ва мардуми хориҷ аз кишвар ҳунари чакандӯзиро чӣ гуна қабул мекунанд?

   –Намунаҳои чаканро ба давлатҳои Чин, Эрон, Ҳиндустон, Русия, Белорусия ва Туркманистон бурдаву муаррифӣ намудаем. Дар ҳама ҷо онро хуш қабул мекарданд. Мо дар намоишгоҳҳо ҷойҳои сазовор гирифта, ҷоизаҳоямонро ба Осорхонаи таърихии кишваршиносии шаҳри Кӯлоб супурдем.

   –Мебинем, ки чаканро замонавӣ карда, аз он доману куртаҳои аврупоӣ медӯзанд, назари Шумо чун мутахассис дар ин маврид?

   –Ба андешаи ман, чакан пироҳани миллиест бо дӯхти тоҷикона: куртаи хушдӯхти миллии тоҷикӣ бо гулҳои чакандӯзишуда ва онро бояд ҳатман дар дӯхти асил ба бар намуд.

   

Навигари

Нилуфари Амиралӣ

   Ҷойи аввал ва шоҳҷоиза, тоҷе тиллоиро Нилуфари Амиралӣ, донишҷӯе аз Донишгоҳи шаҳри Қурғонтеппа соҳиб шуд ва унвони "Зебосанами Тоҷикистон"-ро ба даст овард.

    Маҳина Убайдуллоева довталабе буд, ки дар рафти озмун паёмакҳои телефунии бештарин шумори ҳаводоронро дарёфт кард. “Аспендос турз”, сарпарасти барнома роҳхат ба шаҳри Порисро ба Маҳина супурд

   Дилафрӯз, муҷрии барномаи “Зебосанам”, мегӯяд, ки дар оғози барнома беш аз 300 нафар аз ҷавондухтарон номнавис шуда буданд ва баъди санҷиш танҳо 60 нафар муваффақ шуданд, ки даври интихобиро пуштисар кунанд. Дар даври дувум 32 нафар аз духтарон ҳаққи идомаи ширкат дар барномаро ба даст оварданд.

Hosted by uCoz